Вазири кишвари ғарқшудаистода талаб мекунад

Вазири корҳои хориҷии Иёлоти ҷазираи Тувалу (дар Уқёнуси Ором) Саймон Кофе, ки муроҷиати худро то зону  дар об истода сабт кардааст, аз раҳбарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ва Русия хостааст, ки дар ҳалли қазияи гармшавии иқлим  ширкат кунанд.

 Вазир даъват кард, ки мизони партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки ба иқлим таъсир мерасонанд, коҳиш дода шавад. Вай таъкид кард, ки кишварҳои дорои саноеъи вазнини пешрафта, аз ҷумла Русия ва Амрико лозим аст, ки корхонаҳоро  ба манобеъи таҷдидшавандаи энержӣ мутобиқ кунанад. Кофе ҳамчун далеле, ки зарурати чунин амалҳоро тасдиқ мекунад, офатҳои табииро, ки дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳанд, номбар кардааст. «Офатҳои табиӣ бештар  пештар рӯй медиҳанд. Ман фикр мекунам, ки гуфтани он, ки ин танҳо ба баъзе кишварҳо дахл дорад, нодуруст аст. Мо аз раҳбарони кишварҳои бузург хоҳиш мекунем, ки танҳо бо тасмимҳои иқтисодӣ маҳдуд нашаванд, балки ба некӯаҳволии кишварҳоямон нигоҳ кунанд, зеро идомаи зиндагӣ дар муҳити амн ба манфиати Иёлоти Муттаҳида ва Русия низ аст. ”гуфт вазир. Замоне   вазири Тувалу  машҳур шуд, ки  дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ӯ дар тан либоси расмӣ то зону  дар об  истодааст. Аксҳо дар ҷазираи Фонгафале, ки пойтахти иёлат дар он ҷост, гирифта шудаанд. Бо ҳамин роҳ  мақомоти Тувалу мехостанд таваҷҷӯҳро ба мушкилоти баландшавии  сатҳи баҳр бинобар гармшавии иқлим ҷалб кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *