Вазири корҳои дохилӣ дар Суғд бо афсарону сарбозон вохӯрд
20 август Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни сафари хизматӣ ба вилояти Суғд аз қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Тибқи иттилои ВКД, зимни шиносоӣ номбурда бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҷойи хоб, ошхона, сартарошхона, ҳаммом ва дигар иншооти моддӣ-маишии онҳо дидан кард.
Зикр гардид, ки сарбозони далеру шуҷои Ватан барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон ҳамеша омода буда, аз ӯҳдаи вазифаҳои ба дӯшашон вогузоршуда бо сарбаландӣ мебароянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ