Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Душанбе меояд
Интизор меравад, Вазири умури хориҷаи Афғонистон, ҷаноби Муҳаммад Ҳаниф Атмар ба Тоҷикистон ташриф орад.
Дирӯз дар Душанбе муовинони вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон мулоқот доир намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 12 июн мулоқоти Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои афғони худ Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба вазъи мавҷудаи Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, ҳолати кунии Ҷумҳурии Исломиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот, Нозирӣ бо Мирвайс Ноб масъалаи ташриф овардани Вазири умури хориҷаи Афғонистон, Муҳаммад Ҳаниф Атмарро баррасӣ карданд.
Ҷаноби Атмар Ҳаниф ба хотири иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон, ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.
Ин ҷаласаимрӯз, 13 июл дар Душанбе баргузор мегардад.
Зикр менамоем, ки дар Афғонистон айни ҳол муборизаи неруҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни ҳаракати Толибон* давом дорад.
Ҳамлаи Толибон пас аз тарки неруҳои амрикоӣ хоки ин кишварро ҷон гирифта, ҳоло қисмати зиёди музофотҳои Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ