Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меравад
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо як сафари расмӣ ба Самарқанд хоҳад рафт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар назар аст, ки 13-уми апрел дар шаҳри Самарқанд нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия доир ба масоили марбут ба Афғонистон баргузор гардад.
Музокирот дар остонаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Ҳадаф аз ин нишаст ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои расонидани кумак ба Афғонистон дар масоили башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ