Вазири корҳои  хориҷии Эрон ба Душанбе меояд

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор аст рӯзи 8-уми ноябр бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон биояд.

Ин баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи чанд соли ахири сард шудани муносибатҳо миёни Душанбе ва Теҳрон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.

8-уми ноябр ба Душанбе сафари Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Эрон ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст Муҳаммадҷавод Зариф шоми 8-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон, иштирок кунад. Бинои сафорати нави Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ-хиёбони Маяковский дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст.Дар ҳамин ҳол, хабаргузории нимарасмии «Форс» наздик ба мақомоти интизомии Эрон рӯзи 7-уми ноябр хабар дод, ки дар ин сафар Муҳаммадҷавод Зарифро вазири энержии он кишвар Ризо Ардакониён ҳамроҳӣ мекунад.Ба иттилои хабаргузории «Форс» мулоқоти вазири умури хориҷии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон низ барномарезӣ шудааст. Феълан мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд.Дар сурати баргузор шудани ин сафар, Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад, ки дар пайи сард шудани робитаҳои Душанбеву Теҳрон дар ду соли охир, аз Тоҷикистон дидан мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *