Вазири маориф 3 мушкили асосии соҳаи маорифро гуфт
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни нишасти хабарии ниҳоди тобеаш 3 мушкили асосии соҳаи маорифи кишварро гуфт.
Ба гуфти Саидзода Раҳим, қонеъкунанда набудани сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва норасоии кадрҳо мушкили асосии соҳаи маориф будаанд.
Вазири маориф ва илм ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон” дар мавриди 3 мушкили маориф чунин посух дод:
“Якум, сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонеъкунанда нест. Ин нукта дар баромадҳои Президенти кишвар ҳам таъкид шудааст. Мо феълан талош мекунем, ки сатҳи сифати таҳсилотро боло барем.
Дуюм, қонеъкунанда набудани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна хонанда ақаллан дар сатҳи гуфтугӯӣ забонҳои хориҷиро донад. Ба андешаи ман, ҳар як тоҷикистонӣ бояд забони модарӣ, забонӣ русӣ ва як забони хориҷии дигарро донад. Ин забон мумкин англисӣ бошад. Мо феълан барномае тарҳрезӣ кардем, ки дар аввал 500 калимаи рӯзмарра ҳатман бояд ба хонандагони макотиби миёна омӯзонида шавад, ки дар бораи забон тасаввурот пайдо кунанд.
Сеюм, феълан дар мактабҳои миёна 3400 нафар омӯзгорон намерасанд. Мо ин норасоиро аз ҳисоби хатмкунандагон пурра хоҳем кард. Сатҳи дониши омӯзгорони ҷавон низ беҳбудӣ мехоҳад”.
Ба иттилои вазири маориф, феълан дар ҷумҳурӣ 3940 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор фаъолият доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ