Вазири маориф: Омӯзгор бояд танҳо машғули дарс бошад
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки омӯзгорон набояд ба корҳои ғайритаълимӣ ҷалб карда шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, муаллимон танҳо ба таълиму тарбияи хонандагон машғул бошанд ва набояд барои фаъолиятҳои дигар, аз қабили ҷамъоварии маблағ ё корҳои ташкиливу ҷамъиятӣ истифода шаванд.
Раҳим Саидзода афзуд, ки Вазорати маориф барои беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон талош дорад ва пайваста назорат хоҳад бурд, то ин талабот риоя шавад.
Ӯ гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи таълим аз муҳити кории муаллимон вобастагии зиёд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ