Вазири маориф сабабҳои тарки пеша кардани омӯзгоронро гуфт

Вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро гуфт, тарки пеша кардани омӯзгорон равандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳо мушоҳида мешавад.

“Ман ба наздикӣ ба Фаронса, барои ширкат дар як форум рафта будам. Дар он ҷо бо ҳамкасбон аз кишварҳои хориҷӣ суҳбат доштам. Маълум шуд, ки дар кишварҳои дигар низ тарки пеша кардани омӯзгорон будааст”,- гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон наздики 15 ҳазор омӯзгор тарки пеша кардаанд. Вазири маориф мегӯяд, ки ин як раванди табиист. Ба гуфти вазири маориф, феълан дар Тоҷикистон 3400 нафар омӯзгор намерасад.

“Мо пайваста барои бартараф кардани ин камбудӣ кор кардаи стодаем. Соли равон 14 ҳазору 468 нафар ихтисоси омӯзгориро хатм мекунанд. Мо аз ин ҳисоб мушкили кадриро ҳал мекунем”,- мегӯяд номбурда.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки феълан дар макотиби миёнаи кишвар 1980 нафар омӯзгорони ғайриихтисос фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *