Раҳим Саидзода

Вазири маориф сабаби ҷинояткорӣ байни хонандагонро шарҳ дод

Қариби 70%-и ноболиғоне ба амалҳои ҷиноӣ дар Тоҷикистон даст задаанд, онҳое мебошанд, ки дур аз таҳсилу шуғл мондаанд.

Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи маориф дар парлумони кишвар баён доштааст.

Тағйироти мазкур зинаи сеюми таҳсилот ё худ маълумоти миёнаро дар кишвар ҳатмӣ карданд ва вазир муътақид аст, ки он ба суди худи ноболиғон мебошаду ба коҳиши ҷинояткорӣ низ сабаб мешавад.

«Масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гирифта мешавад», — гуфт вазир.

Ба навиштаи Sputnik, вай далел овард, ки дар Тоҷикистон соли гузашта 474 ҷиноят бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо ё худ беш аз 79% онҳое мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.

Акнун дар ҷумҳурӣ баъди қабули тағйирот ба қонун дар бораи маориф аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти кишвар, таҳсилоти миёна барои ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ҳатмӣ мешавад. То ҳол таҳсили асосӣ то синфи 9 ҳатмӣ буд.

Тибқи тағйироти қабулшуда, минбаъд хатми таҳсил пас аз синфи 9 ғайриимкон аст. Хонанда бояд то синфи 11 таҳсил кунад ё ба коллеҷ ё техникум дохил шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *