Вазири молия: Пирзода ва Алимардонов ба фаъолияти ғайрибонкӣ машғул шуданд

Бонкдорҳои тоҷик агар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, имкон доштанд худро аз буҳрон наҷот диҳанду ба вазъи мушкили имрӯза дучор нагарданд.

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон  29-уми июл зимни нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, таҳти роҳбарии Тоҷиддин Пирзода ва “Агроинвестбонк”, таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардонов гуфт, ки раёсати ин бонкҳо имкон доштанд ва метавонистанд худро аз буҳрон наҷот диҳанд.

Қурбониён зимни суҳбат дар бораи бонкҳои Пирзодаю Алимардонов бо таассуф изҳор дошт, ки “мутаасифона ҳамаашон ба фаъолиятҳои ғайрибонкӣ, аз ҷумла сохтмони манзил, заводу фабрика даст заданд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *