Вазири мудофиа ба истеъфо рафт

Нурлан Ермекбаев, вазири мудофиаи Қазоқистон дар пайи таркишҳои ахир дар як анбори низомӣ, ки боис ба марги 15 нафар шуд, ба истеъфо рафт.

 Номаи истеъфои Ермекбаевро 31-уми августи соли равон Президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев имзо кардааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст, ки дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбули ин кишвар, ки ахиран таркиш ба амал омада буд, ҷасади як тани дигарро пайдо карданд. Вале шахсияти он ҳанӯз маълум нест.

«Ҳамин тариқ теъдоди қурбониёни таркиш ба 15 нафар расид», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд.

Силсила таркишҳову сӯхтор дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қазоқистон 26 август ба амал омада, дар аввал дар бораи кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ гаштани 90 тани дигар хабар дода мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *