Вазири мудофиаи Ҳиндустон дар Душанбе қарор дорад
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Раҷнат Сингҳ дар дар шаҳри Душанбе қарор дорад. ҷаноби Раҷнат Сингҳ 27- уми июли соли равон дар доираи иштироки худ дар ҷаласаи Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ вориди Душанбе шуда буд.
Дар ҷаласаи солона, кишварҳои узви СҲШ масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи мудофиа мухокима мекунанд ва пас аз муҳокимаҳо ба имзо расидани Изҳороти муштарак дар назар аст. Суханронии ҷаноби Раҷнат Сингҳ дар ҷаласа 28 июли соли 2021 баргузор хоҳад шуд.
Вазири мудофиаи Ҳиндустон дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе инчунин, бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо мулоқот мекунад, ки интизор меравад дар он масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Тоҷикистон раёсати СҲШ-ро ба ӯҳда дорад ва мизбони як қатор мулоқотҳо дар сатҳи вазирон ва шахсони расмӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ