Вазири мудофиаи Русия ба Тоҷикистон меояд
Дар назар аст, дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия бо як дидори корӣ вориди Душанбе шавад.
Дар назар аст, дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия бо як дидори корӣ вориди Душанбе шавад.
Сергей Шойгу бо мақомоти Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Тоҷикистону Русияро баррасӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Игор Коротченко, сардабири маҷаллаи «Национальная оборона» (“Мудофиаи миллӣ”) мавзуи аслии мавриди баҳси тарафҳо афзоиши хатари экстремиз ва терроризм дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Ба ин хотир, ба эътиқоди вай, Русия барои мустаҳкамии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷиддан талош мекунад.
Ҳамчунин, ин кишвар барои таълим ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар муассисаҳои олии низомии Русия мусоидат хоҳад кард.
Феълан дар ҳудуди Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ ва маҷмааи оптикию электронии назорати кайҳон-“Окно”-и Русия фаъолият мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ