Вазири мудофиаи Тоҷикистон масоили марзро дар Тошканд баррасӣ мекунад

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Тошканд бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои узви СҲШ масоили амниятӣ, аз ҷумла марбути Афғонистону Украинаро баррасӣ мекунанд.

Ҳоло дар Тошканд ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардидааст. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар доданд.

Дар ин мулоқот вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус — ҳамчун кишвари нозир дар созмон иштирок доранд.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ҷаласа иштирок дорад, интизор меравад, дар мулоқотҳои дуҷониба низ ҳамкориҳоро баррасӣ намояд.

Дар доираи ҷаласаи вазирони мудофиаи СҲШ инчунин баррасии таҳдиду чолишҳои муосир дар минтақа дар нақша аст.

СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Кишварҳои нозир — Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *