Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ИМА аз пойгоҳи низомӣ дидан мекунад
Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико ба яке аз пойгоҳҳои низомии ИМА дар штати Техас ва чанд Академияи низомии ин кишвар меравад.
Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷараёни сафараш ба Амрико ба яке аз пойгоҳҳои низомии ИМА дар штати Техас ва чанд Академияи низомии ин кишвар меравад.
Ба гуфтаи Даниел Розенблюм, сафири Амрико дар Ӯзбекистон, дар шаҳри Вошингтон Баҳодур Қурбонов бо Марк Эспер, иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи ИМА мулоқот хоҳад кард.
Вай афзуд, дар назар аст дар ин мулоқот ҳамкориҳои ниҳодҳои низомии ин ду кишвар таъмини амният ва нақшаҳои гузарондани машқҳои низомӣ баррасӣ шаванд.
Ин нахустин сафари расмии вазири мудофаи Ӯзбекистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳсуб мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ