Вазири нави меҳнат роҳи муҳоҷиронро ба Корея боз карданист
Гулрӯ Ҷабборзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Вучёл мулоқот намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ин вазорат, 23 январ зимни мулоқот тарафҳо ба дурнамои ҳамкории судманд, аз ҷумла интиқоли неруи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба интиқоли қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Кореяро, ки айни ҳол дар баррасии ин давлат қарор дорад, муҳокима карданд.
Дар ин раванд Г.Ҷабборзода пешниҳод намуд, ки то муайян шудани мавқеи Корея ҷиҳати баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи мазкур, баррасӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Барнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти дахлдори Ҷумҳурии Корея дар бораи фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Корея тезонида шавад.
Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии низоми вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, Ли Вучёл таъкид намуд, ки дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея пазируфта шуда, бо ин мақсад 200 адад компютер чун кумаки техникӣ расонида шуд.
Вазир барои кӯмаки техникӣ миннатдорӣ баён намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои муҳоҷират, касбомӯзӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои ба манфиати тарафҳо равонагардида изҳори назар намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ