Вазири собиқи мудофиаи Тоҷикистон даргузашт

Генерал Александр Шишлянников — аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон дар 73-солагӣ даргузашт.

Александр Шишлянников генерали Артиши Ӯзбекистон буд. Вазорати дифои Ӯзбекистон хабар дод, ки Шишлянников баъди бемории тӯлонӣ 15-уми сентябр даргузашт ва як рӯз баъд ӯро дар шаҳри Чирчиқ ба хок супориданд.

Александр Шишлянников соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба ҳайси аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон интихоб шуда буд ва то соли 1995 дар ин вазифа кор мекард. Он шабу рӯз мухолифин Эмомалӣ Раҳмонро интиқод мекарданд, ки генерали ӯзбекро вазири мудофиа таъйин кард. Баъдан Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбатҳояш гуфт, ки он замон кадре пайдо нашуд, ки масъулияти сарварии артиши Тоҷикистонро ба дӯш бигирад ва ӯ маҷбур буд, ки аз Ӯзбекистон Шишлянниковро даъват кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *