Вазири тандурусӣ ба аёдати захмишудагон рафт
19-уми август вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи нақлиётӣ осеб дидаву дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ шудаанд, шинос шуд.
Дар ин муассисаи тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо натиҷаҳои ташхис ва ҷараёни табобати захмишудагони садамаи нақлиётӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати ҳарчи зудтар шифо ёфтани беморон дастуру тавсияҳои муфид дод.
“Инчунин номбурда бо наздикону пайвандони захмишудагон сӯҳбати озод анҷом дод”-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорати тандурустӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ