Вазири тандурустӣ асрори ғалабаи Тоҷикистонро ба КОВИД -19 ошкор кард
Тамоми бемориҳо аз тарс сарчашма мегиранд. Бештари ҳолатҳои фавте ки аз коронавирус дар натиҷаи таҳлука буд
Ба Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ асосан саволҳо вобаста ба коронавирус ва мавҷудияти он дарТоҷикистон савол доданд.Вазир гуфт, ки дарҳақиқат имрӯз дар кишвар ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус аллакай чанд ҳафта боз сабт нашудааст.
Ба гуфтаи вай, роҳи пешгирифтаи кишвар дар мубориза бо коронавирус дуруст буд. Он аз дигар давлатҳо хело фарқ мекард.
Абдуллозода чанд сабаберо зикр кард,ки дар ки ба нест шудни корона мусоидат намуд.Яке аз онҳо набудани карантини саротасарӣ буд. «Карантин эълон мешуд, як муддати муайян мардум дар хонаҳо мемонданд, дар ин вақт агар бемор бошад, дигаронро сироят мекард ва вақте карантин бекор мешуд, якбора беморӣ авҷ мегирифт», — шарҳ дод вазир Тоҷикистон вақте ин беморӣ шуюъ кард, назорати эпидемиологиро тақвият бахштид: манбаъҳои беморӣ муайян мешуданд.
«Пеш аз ҳама мо мебинем, бемор бо кӣ тамос дошт. Мо бо манбаъ кор кардем. Агар нафаре бо коронавирус пайдо шавад, мо ҳамаи он касонеро, ки бо вай алоқа дошт, муайян ва изолятсия мекардем», — гуфт вай ва афзуд, ки марҳилаи беморшавӣ аз 4 то 14 рӯз аст, ки дар ин муддат онҳо таҳти назорати кормандони соҳаи тиб мешуданд.
Сабаби дигар, ташкил кардани гардиши ҳаррӯзаи хонаг буд.Ба қавли вазир гардиши хонагӣ — яъне пизишкон ҳар рӯз хона ба хона гашта, беморонро муайян мекарданд ва сипас роҳи муолиҷаи онҳо муайян карда мешуд.
«Агар беморе пайдо мешуд, пеш аз ҳама мо ӯро дар хонаи худаш, агар шароит дошта бошад, инзивоъ (изолятсия) мекардем. Дар беморхонаҳо бошад, агар ҳатто нафаре бо таби баланд пайдо мешуд, мо тамоми беморхонаро бистарӣ мекардем», — мисол овард ҷаноби Ҷамолиддин.
Беморони коронавирус дар Тоҷикиссон ба се гурӯҳ ҷудо карда мешуданд. Ин ба вазорат имкон медод, ки ҳама ба бемористон интиқол наёбанд ва аз ҳамин ҳисоб дар беморхонаҳо анбӯҳи беморон ба вуҷуд наояд.
«Мо касалҳоро аз рӯи критерия тақсим кардем: миёна, сабук ва вазнин. Агар ба критерияи миёна ё вазнин дохил мешуданд, бистарӣ мекардем, агар не, дар хона карантин мешуданд», — таъкид кард вай.
Он, реҷае ки табибони Тоҷикистон дар давраи пандемӣ кор карданд ва ба гуфтаи вазир, то ҳол кор мекунанд, ин аз соати 7-и субҳ то 18-и бегоҳ гардишҳои хонагӣ буд. Дар натиҷа дар соати 18 ба ситод омори пешниҳод мешуд: чанд нафар ҳарорат доранд, чанд нафар ташхис шуданд ва чанд нафар тасдиқ шуданд.
Баъд аз он аз соати 18 то соати 12-и шаб табибон беморро назорат мекарданд.
«Баъди соати 6 рафта ҳамон беморҳоро назорат мекарданд ва баъди 12-и шаб баромада боз ҳисобот медоданд», -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Абдуллозода, карантин накардан ба хотири аз байн бурдани ҳарос ҳам буд.
«Тамоми бемориҳо аз тарс сарчашма мегиранд. Бештари ҳолатҳои фавте ки аз коронавирус дар натиҷаи таҳлука буд», — таъкид кард ӯ ва афзуд ки нақши Президенти Тоҷикистон дар аз бурдани ҳарос дар ин давра калидӣ буд.
Ҷаноби Олӣ сафарҳои хидматӣ доштанд бо мардум муошират мекарданд», — гуфт вазир ва ин мардумро аз доираи тарс берун мекард .
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ