Вазири тандурустӣ бо гирифторони СOVID-19 телефонӣ суҳбат кард

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шахсан ба беморони КОВИД-19 занг зада, аз аҳволашон ва хизматрасонии табибон пурсон шудааст.

Тавре вазорати тандурустӣ гузориш медиҳад, 21 май Абдуллозода аз марказҳои саломатии № 9, 10 ва 14-и пойтахт боздид кардааст.
Ӯ дар ҳамин ҷо бо якчанд бемороне, ки дар рӯйхати марказҳои саломатии мазкур қарор дошта, дар хонаҳояшон табобат мегирифтанд, суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

«Дар суҳбати телефонӣ беморон ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат барои он ки худ шахсан ба онҳо занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон шуд, изҳори сипос намуда, зикр намуданд, ки аз ҷониби табибони марказҳои саломатӣ ба онҳо сари вақт хизмати тиббӣ расонида мешавад», — афзудааст манбаъ.
Вазорат таъкид мекунад, ки Ҷамолиддин Абдуллозода бо мақсади бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои пойтахт аз наздик шинос шудан, гаштҳои шабона роҳандозӣ намуда, бо масъулини марказҳои саломатӣ масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ, таъмини беморон ва марказҳои мазкур бо маводи тиббӣ, назорати беморони дар хона табобатгиранда ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *