Вазири тандурустӣ бо роҳбари Намояндагии ТУТ вохӯрд
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский вохӯрӣ намуд.
Тавре зикр гардид, ҳамкориҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, фаъолияти Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва нақши ҳамоҳангсозии ин ташкилот дар ҷалби маблағҳо дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо барои татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ тавассути Хазинаи глобалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, барномаҳои дастгирии Иттиҳоди Аврупо, муассисаҳои байналмилалии ҳукуматҳои Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон ва кишварҳои ИДМ зарур шуморида шуда, дастгирии минбаъдаи татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ, аз ҷумла таҳкими экспертизаи лабораторӣ низ махсус қайд гардид.
— Инчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти сафарбар намудани маблағҳо барои пешгирӣ ва табобати бемории сил, бахусус ба доруҳои тобовар ва ВНМО алоқаманд тавассути Хазинаи Глобалӣ ва донорҳо, тақвияти ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси принсипҳои тиби оилавӣ, бахши фармасевтӣ ва заминаи моддию техникӣ бо таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани дастрасӣ ба доруҳои хушсифат, мусоидат ба муколамаҳои сатҳи баланд оид ба дастгирии модернизатсияи заминаи технологии соҳаи тандурустӣ дар доираи Нақшаи миллии таҷдиди сохтори беморхона, ҳамгироии хадамот ва ба даст овардани созиш оид ба масъалаҳои асосии ислоҳот бо шарикони гуногун ва ғайра дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ