Вазири тандурустӣ ду беморхонаро озмоиш кард

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти беморхонаҳои кишварро дар шароити пандемия ва зимистонгузаронӣ аз назар гузаронад.

16 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази тибби шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе ва Беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб дидан намудааст.

Зимни боздиди хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарони беморхонаҳои мазкур масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба фасли зимистон, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, риояи қоидаҳои пешгирии бемории COVID-19 дар муассисаҳои тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти мавҷуда ба масъулин дастуру супориш дод.

“Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан, пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 боздиди роҳбарияти Вазорати тандрурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад”, -иттилоъ медиҳад вазорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *