Вазири тандурустӣ вақти омадани ваксинаро ба Тоҷикистон гуфт
Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд
Тоҷикистон дар рӯйbхати 92 кишваре аст, ки бояд бо ваксинаи короновирус таъмин карда шавад. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гуфтугӯйи мустақими телефонӣ бо хонандагони “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj иттилоъ дод.
Вазир гуфт, ки ваксинаи зидди бемории ҳамагири COVID-19 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон дастрас мешавад.
Дар мавриди он ки киҳо ва ба кадом тартиб ба ваксина дастрасӣ пайдо мекунанд, вазир гуфт:
“Нахуст рӯйbхат тартиб дода мешавад ва онҳое, ки хоҳиш доранд, аз эмкунӣ мегузаранд. Дар навбати аввал дар назар аст, ки 1 миллиону 800 ҳазор нафар ваксина гиранд”-гуфт, Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ба Тоҷикистон ваксинаи «фрайзер» , ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозат дарёфт кардааст, ворид хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ба гуфти вазир 20%-и аҳолӣ дар соли равон бояд ваксина гузаронида шавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз аз соати 10 то 12 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гуфтугӯйи мустақими телефонӣ ба саволи хонандагони “Тоҷикистон” посух хоҳод гуфт. Посухҳои вазир ба таври муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj нашр хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ