Вазири тандурустиро ҳабс карданд
Космосбек Чолпонбоев, собиқ вазири тандурустии Қирғизистон 15 сентябр бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт шуд.
Ба огаҳии Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон, зидди як қатор шахсони масъули Вазорати тандурустии ин кишвар бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.»Раҳбарони вазорат аз мақоми худ сӯистифода карда, барои хидматрасониҳои машваратӣ қарордодҳои зараровар имзо кардаанд. Дар натиҷа буҷаи давлати Қирғизистон ҳудуди 9 миллион сом зарар дидааст», — омадааст дар иттилоияи хадамот.
Ҷузъиёти дигари парванда ифшо намешавад.Писари вазири пешини тандурустии Қирғизистон Эркин Чолпонбоев боздошти падарашро тасдиқ кард.Космосбек Чолпонбоев моҳи июли соли равон ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат гирифт, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шуд.
Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баргузории озмун барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббиро дар моҳи феврали соли равон таҳқиқ кард. Бар асоси хулосаи тафтишот зидди мансабдорон парванда боз гашт.
Рӯзномаи «ПолитКлиника» рӯзи 1-уми июл бо нашри як матлаб навишт, ки мақомоти тандурустии Қирғизистон аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ