Вазири Тоҷикистон дар Ню Йорк раисӣ кард
Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон,Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовинони вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷии Қирғизистон ва намояндагиҳои доимии Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ баргузор гардид.
С. Муҳриддин зимни суханронӣ ба зарурати тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақаи СҲИ, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, содагардонии раванди савдо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди молу хадамот, сармоя ва одамон таъкид намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зарур шуморид, то СҲИ барои мусоидат ба вокуниши самаранок ва дастаҷамъӣ ба вазъи кунунӣ ва пайдошудаи иқтисодиёт дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ чораҳо андешад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ