Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Русия санади ҳамкорӣ имзо карданд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва вазири фарҳанги Русия Олга Любимова  санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

 Гуфта мешавад, ки Анҷумани байналмилалии ҳунарҳои муттаҳид дар Санкт-Петербург имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои судманди вазорати фарҳанги Тоҷикистону Русия идома ёбанд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мастура Ғуломова, гап сари барномаи наве меравад, ки дар ҳошияи форум ба имзо расид. Ин санад ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи фарҳанг тақвият мебахшад.

Форуми фарҳангӣ, аз ҷумла барои Тоҷикистон хеле пурсамар будааст.

Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз сатҳи баланди таҳсил дар Русия қайд карда буд, ки Душанбе омода аст ҳамкориҳоро бо Маскав дар ин самт афзоиш диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *