Вазирони хориҷии кишварҳои ИДМ ба Тошканд меоянд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Анвар Носиров зимни брифинг хабар додааст. Бино ба маълумоти Gazeta.uz, иштирокашон дар ин ҷаласаро вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев тасдиқ намуда, Озарбойҷон, Молдова ва Туркманистонро муовинони вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунанд. Дар ҷаласа баррасии лоиҳаҳои 16 санади марбут ба ҳамкории кишварҳои узви Иттиҳод дар бахшҳои сиёсати хориҷиву фарҳанг, ҳуқуқ ва бахши гуманитарӣ, таъмини амният, муқовимат ба даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва паҳншавии силоҳи қатли ом, таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *