Вазъият дар баҳри Азов муташанниҷ мегардад

Фармондеҳони неруҳои баҳрии Украина, Русияро ба “амалкардҳои таҷовузгарона” нисбат ба киштиҳои низомии он кишвар муттаҳам кард. Дар баёнияи фармондеҳон омадааст, киштии нерӯҳои марзбонии Русия бо номи “Дон” рӯзи 25-уми ноябр ба баданаи як киштии боркаш,ки  аз бандари Одесса хориҷ мешуд, зарба зад, ки дар натиҷа муҳаррики киштӣ ва чанд қисмати дигараш осеб дид.Касе дар ин бархӯрд осеб надидааст. Дар баёнияи фармондеҳии неруҳои баҳрии Украина, омадааст, ки “Русия дигарбора асли таҷовузгаронаи худ ва беэътиноии худ ба қонунҳои байналмилалиро нишон дод.” Ҳодиса дар Баҳри Сиёҳ ба вуқуъ пайвастааст.Аммо Хадамоти Федералии Амнияти Русия гуфт, се киштии Украина субҳи якшанбе ба қаламравҳои обии Русия дар баҳри Азов ворид шуда ва ҳаракатҳои хатарнок анҷом додаанд ва ба талаботи қонунии мақомоти Русия итоат накардаанд. Аммо дар бораи садама задан ба киштии Украина чизе нагуфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *