Вазъияти фавқулодда дар ҷаҳон ва 200 фавту 9692 сироятёфта аз коронавирус дар Чин
Тӯли як шабонарӯзи охир дар Чин аз коронавирус 43 нафар ба ҳалокат расидаву 1 822 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ то ҳол бар асари коронавирус 200 нафар ҳалок гардида, 9642 нафари дигар сироятёфтаанд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии гигиенӣ ва тандурустии Чин.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли ин созмон гуфтааст, «агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад».
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.
Кишварҳои ҷаҳон садҳо шаҳрванди аз шаҳри Вуҳани Чин кӯчондаи худро барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус дар танҳоӣ нигоҳ медоранд.
Бинобар иттилои расонаҳо, Русия сарҳадашро бо Чин бастааст, то аз гузаштани коронавирус ба кишвар пешгирӣ кунад.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30 январ гуфт, сарҳад фавран баста мешавад.
«Ҳукумати Қазоқистон бошад барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ аз сирояти коронавирус 1,5 миллиард тенге (3,9 миллион доллар) ҷудо кард», — мегӯяд муовини сарвазир Бердибек Сапарбаев.
Бояд гуфт, ки берун аз Хитой дар Тайланд, Ҷопон, Ҳонконг, Сингапур, Тайван, Австралия, Макао, Малайзия, Фаронса, ИМА, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Канада, Ветнам, Камбоҷа, Финландия, Непал ва Шри Ланка 105 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ