Вазорат ба шаҳрвандон: Ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоед!
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба матлаби аз ҷониби Моҳ Асадова (Moh Asadova) дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” нашршуда дар мавриди бе тарҷумаи шиноснома надодани шаҳодатномаи хатм ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ вокуниш нишон дод.
Бино ба иттилои вазорат, талаби тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ барои додани шаҳодатномаи хатм дар ягон санади меъёрии ҳуқуқии батанзимдарорандаи фаъолияти соҳаи маориф ва илм оварда нашудааст.
— Сафронова Инна — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 оид ба матлаби мазкур зикр кард, ки ҳадаф аз талаби тарҷумаи шиноснома — ин бехато пур кардани қисмати русии шаҳодатномаи хатм мебошад, ки вақтҳои охир, махсусан, дар мавриди дар ному насаб мавҷуд будани ҳарфҳои “қ”, “ҷ”, “ҳ”, “ғ” дар ҳолати баргардонидан ба забони русӣ боиси ба вуҷуд омадани баъзе хатоҳои имлоӣ мегардад,- менависад манбаъ.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар баробари шиноснома метавонанд шаҳодатномаи таваллуди худро низ, ки дар он ному насаби шаҳрванд ба забони русӣ дарҷ гардидааст, пешниҳод намоянд.
— Шаҳрвандон метавонанд ҳангоми аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимӣ талаб кардани тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоянд ва ё ба рақами телефони боварии Вазорати маориф ва илм 227-76-86 дар тамос шаванд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ