Вазорат: Донишҷӯёне, дар хориҷи кишвар таҳсил карданиянд номнавис мешаванд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти номи донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд ё таҳсил мекунанд, бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард.

Бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм — [email protected] (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *