Вазорат дорухонаҳоро месанҷад

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки  бо мақсади пешгирӣ аз истифодаи маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд.

Тибқи иттилои вазорат, давоми 9 моҳи соли 2020 фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор гирифтааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй  маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 11392 адад аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамзамон, вазорати тандурустии кишвар қайд кардааст, ки бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 56 918 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифати ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *