Вазорат, канӣ назорат!?
Шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Файзобод дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ҷойгир аст. Аз маркази шаҳрак мошинҳои сабукрав ва боркашон ба самти ВМКБ ва ҷумҳурии мардумии Чин мераванд.
Вале агар ронандаҳо аз ин роҳ эҳтиёт карда нагузаранд, ба мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ, дорухона, дӯконҳои гӯшт бархӯрданашон мумкин аст. Зеро идораи замину лоҳикашони ноҳия масофаи байни роҳу сохтмонҳоро сарфи назар кардаанд. Мебоист мағозаҳо дуртар аз роҳи калон сохта мешуданду ба ҳаракати мошинҳо монеа эҷод намекарданд. Ҳоло бошад, дар ин роҳ ҳамарӯза тамбашавии мошинҳо мушоҳида мешавад, ки ҳам ба ронандагон ва ҳам ба пиёдагардон халал мерасонанд.
Вазорати нақлиёт ва дигар идораҳои масъул бояд ба ин масъала расидагӣ кунанд.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ