Умед Ҷайҳонӣ

Вазорат кор меофарад, ё мусибат?

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди унвони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсе сар зад. Забоншинос Умеди Ҷайҳонӣ навишт, ки маънои «меҳнат» дар луғатҳо «азобу машаққат» аст, на «кор».

Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик пешниҳод кард, ки Вазорати мазкур “Вазорати кору корофаринӣ” номгузорӣ шавад.

“Ёдоварӣ мекунем, ки «меҳнат» ба забони русӣ ҳам «трудности, страдания, мучения» мешавад ва на «труд, работа». Аз ин рӯ, номи он вазорат ҳам ба забони русӣ мешавад «Министерство трудностей, страданий и мучений… населения Республики Таджикистан», на «Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан»,- менависад Умеди Ҷайҳонӣ.

Баъди мутолиаи ин шарҳҳо банда ҳам ба луғатҳо муроҷит кардам.

«Фарҳанги забони тоҷикӣ»:

Меҳнат — 1. Мусибат, бало, бадбахтӣ, идбор. 2. Ранҷ, азоб, уқубат, машаққат, заҳмат.

Меҳнатзада — балокаш, дучори бадбахтӣ, мусибатзада, азобкаш, дучори азобу ранҷу ано.

Меҳнатистон — ҷои бало, ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.

Меҳнатобод — ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.

Меҳнатрасон — расонандаи бало, расонандаи мусибат, озордиҳанда.

Меҳнатсарой — ҷои бало, ҷои бадбахтӣ, ҷои азобу машаққат.

«Луғатномаи Деҳхудо»:

Меҳнат — офат, балия, гирифторӣ, фитна; сахтӣ, машаққат, бадбахтӣ, никбат, хорӣ, душворӣ, дармондагӣ.

«Фарҳанги форсии Амид»:

Меҳнат — бало, сахтӣ, ранҷ.

«Фарҳанги форсии Муъин»:

Меҳнат — ранҷ, сахтӣ.

«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»:

Меҳнат — 1. Азоб, ранҷ, машаққат, заҳмат. меҳнат кашидан — азобу машаққат кашидан, дар азоб будан. 2. Фаъолияти мақсаднок ва ба ҷамъият нафъовари инсон, ки ранҷу кӯшиши ақлонӣ ва ҷисмонӣ металабад; кор.

Тавре шоҳид гардидед, «меҳнат» дар забони тоҷикӣ маънии «кор»-ро надорад. Кор бошад, дар фарҳангҳо чунин тафсир шудааст:

“Фарҳанги забони тоҷикӣ”:

Кор — амал, шуғл, ҳунар, касб, пеша, ҳирфа, машғала.

«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»

Кор — 2. Он чӣ, ки касе ба он машғул аст, шуғл, пеша.

Бинобар ин, вақти он расидааст, ки дар мавриди ин вожа биандешем ва Вазорати меҳнатро ба Вазорати кор табдили ном намоем, зеро вазифаи ин вазорат тавлиди кор аст, на мусибату бало.

Д. ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *