Вазорат: Роҳҳоро пулакӣ мекунем

Вазири нақлиёти тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, 30 январ дар нишасти хабарии ин вазорат гуфт, «таҷрибаи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ собит кард, ки аз пулакӣ шудани ин роҳи стратегӣ тамоми кишвар фоида гирифт. Солҳои қаблӣ ин роҳ ба муддати 6 моҳ баста мешуд. Ба ин далел, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон феълан пулакӣ кардани роҳҳои дигарро баррасӣ мекунад.”

Ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёт, роҳи дигаре ба ҷуз аз пулакӣ кардани роҳҳо вуҷуд надорад, чунки барои нигоҳубини роҳҳо, рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, чун селу тарма маблағи зиёд лозим аст, ки ҳукумат ҷудо намекунад.

Сӯҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёт гуфт, қарори ҳукумат дар мавриди пулакӣ кардани роҳҳои дараҷаи аввал содир шудааст ва вазорати нақлиёт бояд то поёни соли 2019 хулосаи худро бо рӯйхатти роҳҳое, ки бояд пулакӣ шаванд, ба ҳукумат ироа кунад. Ба гуфтаи Сӯҳроб Мирзоев, яке аз роҳҳое, ки пулакӣ хоҳанд шуд, шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аст.

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи вазорати нақлиёт, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар ба ҷайби мардум зарба намезанад, чунки дар ин масир роҳҳои алтернативӣ вуҷуд доранд: «Аз Душанбе тоБохтар тавассути ноҳияи Ёвон роҳи мошингард вуҷуд дорад. Миёни ин ду шаҳр ҳаракат тариқи роҳи оҳан низ имконпазир аст. Сокинон аз ин ду масир метавонанд ҳамчун роҳҳои алтернативӣ истифода кунанд.”

Дар ҳоли ҳозир, бозсозии роҳи Душанбе – Бохтар идома дорад. Бозсозии ин роҳи тӯлаш 82 километр, қарор аст, соли 2023 пурра анҷом ёбад.

Барои марҳалаи аввали бозии ин роҳ 96 миллион доллар ҷудо шудааст, ки 67, 2 миллионашро, аз ҷумла 17,8 миллион доллар ҳамчун кумаки билоиваз, Бонки осиёии рушд ҷудо кардааст. 12 миллиони дигар барои бозсозии ин шоҳроҳро бунёди ОПЕК ва 17,1 миллиони боқимондаро ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардаанд.

Марҳалаи дуюми бозсозии ин шоҳроҳ – 40 километр қитъаи роҳ аз Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар бар пояи 90 миллион доллар кумаки билоивази Бонки осиёии рушд анҷом хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2010 дар пайи бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар пояи қариб 300 миллион доллар қарзи Чин ин шоҳроҳро пулакӣ кард ва масъулияти пулчинӣ ва нигоҳубинашро ба ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки дар як минтақаи офшории ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст, супурд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *