Вазорати фарҳанг “ситораҳо”-ро ба замин мефарорад

Ошноҷон хабари навро хондӣ?- пурсид Назир аз дӯсти санъаткораш-Некрӯз Рубобов.

-Аҷоиб саволе медиҳӣ, гӯё дар як рӯз ҳамагӣ як хабар паҳн мешуда бошад- эрод гирифт Некрӯз.

-Агар гапи ман ба фаъолияти кории ту рабт намедошт сари сад сол ҳам ин саволро намедодам-дия, як андоза бо оҳанги ранҷиш илова кард Назир.

-Ман санъаткор бошам ба ғайр аз сурудану рақсидан ба касе зарарам нарасад, ба тиҷорату сиёсат ҳамроҳ набошам, ки аз кризис ё бозиҳои сиёсӣ тарсам. Чи хабаре будааст, ки ба ҳаёти ман алоқамандӣ доштааст?- Бо ҳисси кунҷковӣ пурсид Некрӯз. “Агар интернетат фаъол бошад хабарро хон, ки интернети ман аз сабаби шаб то саҳар бо мухлисонам гап задан ва бо дигар номҳо ба зери сурудҳоям шаҳр навиштан тамом шудааст ростӣ”-афзуд ӯ. 

-Хуб. Хабарро мехонам бо диққат бош-огоҳ кард Назир ва хабарро хонд: -Вазорати фарҳанги Тоҷикистон саргарми таҳияи феҳрасти овозхонон, гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ дар кишвар аст ва ҳадаф аз он «назорати фаъолияту барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ дар дохилу хориҷи кишвар» будааст.

— Назир бо эҳтиром ба аломати нуқта (.) нафасашро рост кард. Аммо Некрӯз гумон кард, ки  буду шуди хабар ҳамин, назарногирона гуфт:-Эй ҷӯраи обулвоҳимаам. Гӯё назорат аз болои Вазорат мекарда бошӣ чунон маро огоҳ карда ба дилам оташ афрохтӣ, ки ман гумон кардам ягон хабари осмонкафе бошад. Охир вазорат он санъаткороне, ки баҳудаю беҳуда сафар мекунанд ҳамонҳоро дар назар доштааст. Мо, ки аз маҳалли худ берун намеравем чи дахл дорем ба ин иқдом?

— Як минут тоқот кун ошноҷон. Боқимондаи хабарро ҳам хонам охир!

-Канӣ хон-чи..

-Ба гуфти муовини вазири фарҳанг, Ибодулло Машрабов, «воқеан чунин рӯйхат тартиб дода мешавад, ки бояд ҳамаи сарояндагони ҷумҳуриро новобаста аз шакли фаъолияташон дар бар бигирад». Ана дидӣ? Ибораи “новобаста аз шакли фаъолияташон” маҳз ба ҳамин эроди ту тааллуқ дорад. Дар куҷо фаъолят мекунӣ, сурудҳои киро мехонӣ, клипҳои киро медуздӣ, ба кадом тӯй ба чанд пул меравӣ, ба кадом ноҳия бедаъват “сафари ҳунарӣ” мекунӣ, хулас чи коре мекунӣ акаи Ибодуллоям контроль мекунад-хабарро пурратар кард Назир.

 Ин қисмати хабар гӯё мушти обдоре шуда ба сари Некрӯз фаромада бошад, ки дар ҷояш карахт шуда монд. Баъди чанд дақиқаи карахтӣ яке ба сараш зад, ки дар ин хабар аз забони муовин иқтибос оварда шудааст, аммо “масъаларо худи вазир ҳал мекунад”. Аз ин рӯ ба дилпурӣ гуфт: -Ягон ҷои хавотирӣ нест. Муовин на ҳуқуқи ҳалли ягон масъаларо дораду на пеши худ ба дили санъаткорон оташ андохтанро. Гуфта намешаваду ягон нафари мо баъди ин хабари шум саломатиямонро аз даст диҳем, худам не ягон ҳаммаслакам бошад ҳам болои ин муовин ҳатман шикоят мебарам-яке ба ғазаб омад Некрӯз.

 Дӯсташ дид, ки боқимондаи хабарро нахонад санъаткори “таҳаммалпазир”-и мо зада кӯфта ба сари муовини вазири фарҳанг меравад, ба экрани телефонаш агушт зада-ангуш зада идомаи хабарро хонд: -Вазири фарҳанг-Орумбекзода гуфтааст, яке аз ҳадафҳои иқдом «баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ» ва «дастрасии онҳо ба мардум» аст. Ба гуфтаи  вазири фарҳанг, яке аз сабабҳои дигари тартиб додани феҳрасти овозхонҳо боло бардоштани сатҳу сифати суруду таронаҳо ва пурмазмун кардани мӯҳтавои онҳост.

Некрӯз дид, ки 75%-и умедҳояш барбод рафт, ба дертар амали шудани иқдоми вазорат умед баста, наҳзанон гуфт:- Дар мо ягон иқдомро дар кӯдакӣ пеш  гиранд дар пирӣ амалӣ мекунанд. Ин иқдом ҳам то амалӣ мешавад, ки дар даҳони мо ҳам дандон намемонад, дастонамон дарзон шуда маҷоли микрафондорӣ ҳам меравад. Барои ҳамин беҳуда интернетатро сарф карда хабархонӣ накуну як  чойи талх дам кун, ки ҳозӣ сарам аз дард мекафад.

-Назир  тефалро гирон карду гуфт:-Қарор аст, ин рӯйхат то аввалҳои соли нав тартиб дода шавад. Назир ҷойро монда дастурхонро боз кард ва дид, ки аз ин тарафи хона буғи чой мебарояду аз он тарафи хона дуди сигори дӯсти санъаткораш. Барои ҳавои тозадаромадан ба хона тирезаҳоро кушоду зери лаб гуфт:-Шукр, ки вазорат дар умраш як иқдоми ободу обдорро пеша кардааст. Акнун сурудҳои “думаша сисих мекунад”, “пупсикчаи ман будӣ шуди аз они дигар кас”, “ як ду се чор-мошини бобом газ 54”-ро дигар намешунавем. Ман, ки географ ҳастам аз зиёд шудани ситорҳои рӯзмарра нигарон будам, ки осмонро вазнинбор карда, сӯи замин накашонанд. Бори дигар шукр, ки дигар нигарон намешавам. Зеро вазорат аз соли нав сар карда, ситораҳоро оҳиста-оҳиста ба замин мефарорад…

                                                                                                                                                       Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *