Р.Аҳмадзода: Вазорати кишоварзӣ дурнаморо иҷро накард
Натиҷаи ченаки назоратӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13 июни соли 2016 якҷоя бо ченаки кишти такрорӣ дар майдони умумии 160596,38 гектар ё 85% кишти пахта гузаронида шудааст.
Ин нисбат ба дурнамои Вазорати кишварзии Тоҷикистон 27345,62 гектар кам мебошад.
Дар ин бора имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин номбурда иброз дошт, дар натиҷаи санҷиш аз тарафи мутахассисони кумита муайян гардид, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 28 июни соли ҷорӣ дар майдони умумии 20680,14 гектар 85,6% кишти картошка гузаронида шудааст, ин нисбат ба дурнамои вазорати кишоварзӣ 3504,86 гектар кам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ