ВКД аз афзоиши қаллобии интернетӣ ҳушдор медиҳад
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар аз зиёдшавии ҳолатҳои қаллобии интернетӣ ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои ВКД, дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Instagram, Facebook ва ғайра) эълонҳои бардурӯғ аз номи бонкҳои бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла Dushanbe City, Alif, Eskhata ва Amonatbank пайдо шудаанд.
Чӣ гуна қаллобон амал мекунанд?
Эълонҳои бардурӯғ нашр карда, шаҳрвандонро ба сайтҳо ё мессенҷерҳои сохта роҳнамоӣ мекунанд.
Аз шаҳрвандон талаб мекунанд, ки маълумоти шахсиро ворид кунанд.
Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод мекунанд, ки гӯё қарз тасдиқ шудааст.
Барои гирифтани «қарз» маблағи пешпардохт (300, 500 сомонӣ ё бештар) талаб мекунанд.
Пас аз гирифтани пул ғайб мезананд.
Чӣ гуна метавон худро муҳофизат кард?
Бонкҳои расмӣ барои расмиёти қарзӣ пешпардохт талаб намекунанд.
Танҳо ба сомонаҳои расмии бонкҳо эътимод кунед.
Дар сайтҳои шубҳанок маълумоти шахсӣ ворид накунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ