ВКХ Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қазоқистон изҳорот пахш кард (аудио)

Имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қазоқистон изҳорот пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Тоҷикистон бо ҳамдардии самимӣ ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистони бародарро пайгирӣ менамояд”.

Дар изҳорот ҳамзамон омадааст, ки “мо ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба мардуми осоишта ва намояндагони қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғасби мақомоти давлатӣ ва ғоратгариро бо таассуфи ҷиддӣ таъкид менамоем. Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ пайдо шудани гуруҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ, ки соҳиби аслиҳаи марговар ва техникаи махсус гаштаанд, боиси нигаронии амиқ мебошад”.

— Ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани руҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамоем. Итминон дорем, ки мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кӯтоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд. Бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем. Мо ба наздикону пайвандони фавтидагон дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ тасаллияти амиқ баён менамоем,- омадааст дар идомаи изҳорот.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *