Вазорати маориф  низ аз паи Диссернет шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар пасманзари моҷарои марбут ба иттиҳоми асардуздии олимону мақомоти тоҷик, ки аз пойгоҳи интернетии «Диссернет» бархост, гурӯҳи корӣ таъсис дода, асарҳои ба истилоҳ копишуда ва ё»дуздидашуда»-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тайи як моҳи ахир «Диссернет» — як пойгоҳи хусусӣ дар Русия, рисолаҳои илмии бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дода, исми тахминан 30 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудаанд.Барномаи вижаи компютерӣ мутобиқати матнҳои донишмандони муттаҳам ба асардуздиро бо матнҳои муаллифони аввалаи онҳо муқоиса карда, мавридҳои нусхабардорӣ шудани матнҳоро ҳам собит кардааст. Моҷарое, ки ба матбуот роҳ ёфт, тайи ҳафтаҳои охир яке аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.»Диссернет» як пойгоҳи озоди донишмандону муҳаққиқони ихтиёрӣ буда, вуҷуди плагиат ё асардуздиро дар корҳои таҳқиқотии илмиву докторӣ месанҷад, бо Комиссияи аттестатсионии вазорати илми Русия ё ВАК рабте надорад. Маҳз ҳамин комиссия масъулияти тақдими унвони илмиро ба донишмандон, аз ҷумла олимони тоҷик ба ӯҳда дорад.Вале пахши матолиби дуздидашудаи илмӣ пеш аз ҳама ба обрӯи муаллифон зарба мезанад ва қонуни будани унвони илмии онҳоро зери суол мебарад. Бархе мунаққидон мегӯянд, иттиҳоми на камтар аз 30 донишманду мақоми баландпояи тоҷик дар асардуздӣ на танҳо ба шахсияти онҳо, балки ба обрӯи илми тоҷик ҳам таъсири манфӣ расонд.Ҳоло вазорати Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, мутаххассисони Пажуҳишгоҳи рушди маъориф, Бахши иноватсияи Академияи илм ва рушд ва дигар ниҳодҳои таҳқиқотӣ иттиҳоми дар «Диссернет» нашршударо мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Зиёӣ Хуршед, директори  Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва илми назди вазорати маориф рӯзи 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст: «ман узви ҳамин гурӯҳи корӣ ҳастам ва феҳрасти ному насаби 30 олими тоҷик дар дасти мо мебошад ва ҳаматарафа муқоиса намуда, мушаххас карда хоҳад шуд, ки оё воқеан ҳолати копибардорӣ ё ба истилоҳ дуздӣ ҳаст ё не».Аъзои гурӯҳи корӣ мегӯянд, онҳо бар асоси манбаъҳо ва сарчашмаву адабиёте, ки дар рисолаҳои илмӣ истифода шудаанд, варақгардон ва мушаххас мекунанд, ки то кадом андоза аз рисолаҳои илмии олимони дигар нусхабардорӣ шудааст. Зиёӣ Хуршед афзудааст,ки  азбаски масъала нозук аст, санҷиш дақиқ бояд сурат гирад. Ӯ нагуфт, ки дар навбати аввал кори илмии кадом олимон мавриди санҷиш қарор дорад, аммо гуфт, ки натиҷаи санҷиш рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май эълон хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *