Вазорати меҳнат: Шарифов рафту Аюб омад

Имомназар Аюб – хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бакалавр), Донишгоҳи Хирошимаи Ҷопон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.

Бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Ширин Амонзода ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо дар ин вазорат маҷлис доир гардид, ки дар он муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Толиб Шарипов бо сабаби ба сини нафақа расиданаш аз вазифаи муовини сардори Хадамоти муҳоҷират озод карда, бо тантана гусел карда шуд.

Амонзода бекоронро сабти ном мекунад

Сипас мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри Олимшо муовини навтаъини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Имомназар Аюбро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Имомназар Аюб – хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бакалавр), Донишгоҳи Хирошимаи Ҷопон, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.

Номбурда дар Лоиҳаи “Хазинаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ”-и Созмони Милали Муттаҳид, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *