Вазорати меҳнат ба бекормондагон кумакпулӣ медиҳад, аммо…
Чуноне вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, рӯзи 20-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар миёни онҳое, ки ҳамчун бекор муроҷиат мекунанд, кормандони бонкҳо ва созмонҳои банйналмилалӣ ҳастанд, ки маоши бисёр баланд мегирифтанд ва будҷаи кишвар қудрати онро надорад, ки маблағи мехостаи онҳоро пардохт кунад.
Кӯмакпулӣ барои афроди бекор дар се моҳ — моҳи аввал 50 дарсади маоши охирине, ки коргар мегирифт, моҳи дувум 40 % ва моҳи савум 30 фисад, муайян шудааст. Хонум Тағойзода афзуд, будҷаи Тоҷикистон тавони пардохти кӯмак ба он кормандонеро, ки маоши баланд мегирифтанд, надорад.
Номбурда ҳамзамон қайд кард ки, муроҷиати шахсони бекор ба мақомот зиёд шудааст. Тибқи маълумоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз 28 681 нафар бекорони расман ба қайд гирифта шуда, танҳо ба 5048 нафар кӯмакпулӣ дода шудааст. Ба гуфтаи Сумангул Тағойзода, дар пардохти кӯмакпулӣ барои бекорон, дар навбати аввал сарбозони аз хизмат озодшуда ва маҳбусони аз зиндон баромада, авлавият дода мешавад.
Ба гуфти Бобохон Баротзода, директори Оҷонсии меҳнат ва шуғли аҳолӣ гуфт, кӯмакпулӣ ба корманди бекормонда танҳо барои 3 моҳ пардохт мешавад. Ҷаноби Баротзода гуфт, дар ин давра ба коргар ду ҷойи кор пешниҳод мешавад ва агар ӯ инро рад кунад, мақомот ҳақ доранд аз рӯйхати расмии бекорон, берунаш кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ