Вазорати молия барҳам дода мешавад?

Бино ба санаде,ки 18 марти соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр кардааст, аз сохтори Вазорати молия  ду  фонди асосӣ-  маблағҷудокунӣ ба хоҷагии қишлоқ ва  хариди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои зарурати ҳукумат , ҳамчунин фонди  мелиоративии заминҳои кишоварзӣ гирифта, ба ихтиёри Девони Вазирон дода мешавад. Ба ғайр аз ин, баъзе функсияҳо аз ин вазорат гирифта шуда,  ба Вазорати тандурусти ва Вазорати маориф  интиқол дода шудааст,ки ин таъсири минбаъдаи Вазорати молияро дар сохтори давлат камтар мекунад.  Ҳамчунин, минбаъд танҳо Вазорати меҳнат бояд  таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва кўмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсони алоҳидаро  назорат намояд.Ҳамин тавр, Шавкат Мирзиёев бозсозиро дар дигар вазоратҳои кишвараш идома  доданист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *