Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: Моҷарои рухсатномадиҳӣ бояд бартараф шавад

— Нофаҳмиҳо дар масъалаи додани рухсатномаҳо (дозвол) барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва аз ҷониби интиқолдиҳандагони бор роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст. Мутаассифона, мушкилоти дастрас гардидани рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ҳанўз ҳам вуҷуд дорад. Дар ин бора бояд чораҳои қатъӣ андешида, барномаҳои рақамикунониро ҳарчи зудтар ҷорӣ бояд намуд, то мушкилот бартараф гарданд,- супориш додааст вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба масъулини соҳа дар ҷаласаи назоратӣ.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъала мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти вазорат қарор дошта, пайваста ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дуруст ба роҳ мондани кор дастурҳо дода мешавад.

— Оид ба тартиби мубодилаи рухсатномаҳо ва масоили марбута роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва ронандаҳои хатсайрҳои боркашонии байналмилалӣ мулоқот намуда, масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода буд. Айни ҳол рухсатномаҳо бо тартиби муқарраргардида ба ҷамъиятҳои интиқолдиҳанда дастрас мегарданд,- аз ҷумла зикр мекунад сомонаи вазорат.

Ба гуфтаи манбаъ, аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иттилоъ додаанд, ки тибқи Созишномаҳои байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2022 дастрас намудани 79150 рухсатнома бо 19 кишвари дуру наздик пешбинӣ шуда, аллакай 32550 рухсатнома ворид шудааст. Аз ҷумла, 26900 рухсатномаи Р-1, яъне рухсатномаи ҳамлу нақли дуҷониба ва транзити байналмилалии боркашонӣ, 5600 рухсатномаи Р-3 барои интиқоли бор аз\ба давлати сеюм ворид гардидаанд. Ин рухсатномаҳо мутобиқи созишномаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни кишварҳо аз ҷумҳуриҳои Белорус (1500 Р-1 ва 1000 — Р-3), Русия (1200 Р-3), Украина (2000 Р-1 500 Р-3), Гурҷистон (3200 — Р-1, 800 — Р-3), Туркманистон (800 Р-1, 200 Р3), Ўзбекистон (13500 Р-1, 500 Р-3 ) Озарбойҷон (150 Р-1, 100 Р-3), Эрон (500 Р-3, 2000 — Р-1), Туркия (250 Р-3, 2500 Р-1) ва дигар давлатҳое, ки бо Тоҷикистон созишномаи ҳамлу нақл доранд, аз 50 то 100 рухсатнома мубодила гардидааст.

Ҳамчунин, моҳи сипаригардида аз Ҷумҳурии Ўзбекистон 5000 рухсатномаи Р-1 ва 500 рухсатномаи ройгон барои содироти ангишту намаки Тоҷикистон, аз Туркия 50 рухсатномаи Р-3 ва 1000 рухсатномаи Р-1 иловатан бо дархости Вазорати нақлиёти кишвар ворид гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки рухсатномаҳоро мақомоти ваколатдор, яъне Вазорати нақлиёт мувофиқи созишномаи ҳамлу нақл, тибқи тартиби муқарраргардида аз кишварҳое, ки ҳамлу нақли бор ба роҳ монда шудааст, вобаста аз ҳаҷми боркашонӣ дархост намуда, ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт месупорад. Хадамот мувофиқи дархости интиқолдиҳандагон рухсатномаҳоро бо тартиби пешниҳодгардида ба ҷамъиятҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки иҷозатномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ доранд, медиҳад. Нархи муқарраршудаи рухсатномаи ҳамлу нақли бор 84 сомонӣ мебошад.

— Айни замон аз Ҷумҳурии Литва 250 рухсатномаи Р-1, 150 рухсатномаи Р-3, аз Ҷумҳурии Латвия 50 рухсатномаи Р-1 ва 50 рухсатномаи Р-3, аз Лаҳистон 150 рухсатномаи Р-1 ва 100 рухсатномаи Р-3 ворид ва тақсим шудаанд, ки вобаста ба талаботи имрўзаи интиқолдиҳандагони ватанӣ хеле нокифоя буда, боиси зиёд гардидани норозигии ширкатҳо ва интиқолдиҳандагони ватанӣ гардидааст. Бо афзоиш ёфтани рафтуомади нақлиёти ватанӣ ва зиёдшавии ҳаҷми боркашонӣ тариқи кишварҳои Литва, Латвия ва Лаҳистон талабот нисбати рухсатнома ба ин кишварҳо зиёд гардид, ки ин боиси сар задани қонуншиканиҳо гардидааст. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ва иловатан дастрас намудани рухсатномаҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ чораҳои заруриро рўи кор овардааст. Бояд қайд кард, ки гирифтани рухсатномаҳо танҳо аз дархости Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста набуда, ба қонуну қоидаи давлатҳое, ки бо онҳо ҳамлу нақл дорем, марбут аст. Масалан дар Литва ин рухсатномаҳоро Вазорати нақлиёти ин кишвар бо дархост дастраси Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалӣ мекунад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *