Вазорати нақлиёт: Туркманистон далели роҳбандиро шарҳ намедиҳад
То ҳол мақомоти Туркманистон бидуни шарҳу эзоҳи расмӣ ба убури васоили нақлияи Тоҷикистон иҷозаи убур аз қаламрави худро надодааст.
То ҳол мақомоти Туркманистон бидуни шарҳу эзоҳи расмӣ ба убури васоили нақлияи Тоҷикистон иҷозаи убур аз қаламрави худро надодааст.
Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҷониби Туркманистон ба дархосту номаҳои ин вазорат дар мавриди шарҳи сабабҳои надодани иҷоза ба убури васоили нақлияи Тоҷикистон посухе надодааст ва Вазорати нақлиёт маҷбур шудааст, барои ҳаракати васоили нақлияи кишвар самтҳои алтернативиро ҷустуҷӯ кунад.
Ба гуфтаи вай, феълан автомошинаҳои борбари Тоҷикистон аз самтҳои ҷадиди Озарбойҷон-Қазоқистон ва Ҷумҳурии Доғистони Русия-Қазоқистон истифода мебаранд.
Масалан, боркашонӣ тариқи Озарбойҷон, ки аз бандари Боку ва баҳри Каспий гузашта, то Қазоқистон мерасад, нисбат ба роҳи бастаи Туркманистон тақрибан 1000 километр дароз аст ва харҷи бештар дорад. Вале Тоҷикистон интихоб надорад. Масири дигар аз тариқи Афғонистон ба далели ноамнӣ ва мушкилоти фаровони амниятӣ дар ин кишвар барои боркашонӣ мусоид нест.
Бандари баҳрии Боку дар соли 2018 мавриди истифода қарор гирифт ва масоҳати он 117 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил мекунад.
Усмон Қаландарзода, муовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ таъкид кард, ба иллати мушкили убуру мурур аз тариқи қаламрави Туркманистон қаторҳои Тоҷикистон бидуни ворид шудан ба хоки Туркманистон тавассути вилояти мухтори Қароқалқопистон-Қудуқлии Ӯзбекистон аз Русия ва кишварҳои дигар ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
Туркманистон аз 1 феврали соли 2019 бе огоҳии пешакӣ ҳаракати мошинҳо ва вагонҳои боркаши Тоҷикистонро дар қаламраваш манъ кард.
Дар натиҷа даҳҳо мошини боркашони Тоҷикистон дар гузаргоҳи Сарахс (дар марзи Эрону Туркманистон) ва Фароб (дар сарҳади Ӯзбекистону Туркманистон) дармонданд.
Расонаҳои наздик ба Ашқобод ба майл зоҳир накардани Тоҷикистон дар сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро сабаби асосии ин иқдоми Туркманистон хондаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзҳои 5-6 июл дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистон масъалаи сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистон матраҳ шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2018 дар ду самт: Колхозобод-Бандари Шерхон-Кундуз ва Панҷи Поён-Мазори Шариф роҳи оҳан Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст хоҳад кард.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикитстон ҳоло асосномаи иқтисодию техникии ин ду масир таҳия шуда ва сипас, корҳои сохтмонӣ дар онҳо оғоз меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ