Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  ба Русия “дандон нишон медиҳад”

Тоҷикистон дар посух ба манъи парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия, парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уральские авиалинии»-ро ба Тоҷикистон манъ кардааст.

Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории русии РИА Новости гуфтааст, ки парвозҳо аз чаҳор шаҳри Русия — Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба Душанбе аз рӯзи 23 декабр қатъ шудаанд. Ин мамнӯият аз соати 10-и рӯзи ҷумъаи 23 декабр ба ҳолати иҷро даромадааст.

Дар ҳамин ҳол, Темур Ҳикматов, сухангӯи вазорати нақлиёти Русия рӯзи 23 декабр гуфт, ки музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия дар мавриди танзими парвозҳо миёни ду кишвар бидуни натиҷа анҷом ёфтааст. Ин музокирот рӯзи 22 декабр дар шаҳри Маскав баргузор шуд.

Русия аз рӯзи 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ба баъзе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла Қазону Иркутск, Оренбургу Сочи ва Новосибирскро манъ кард. Вале дар ҳоли ҳозир ин «таҳрим» ба парвози ҳавопаймоҳои «Сомон-Эйр» ба Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. Мақомоти Вазорати нақлиёти Русия ба хабаргузории «Интерфакс» гуфтаанд, тасмими онҳо дар пайи розӣ нашудани Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз Маскав ба Душанбеву Хуҷанд гирифта шудааст.»Сомон Эйр» дар ҳафтае чор бор ба Қазон, дуборӣ ба Екатеринбург, Красноярск, Оренбург ва якборӣ ба Иркутск, Новосибирск ва Сочи парвоз анҷом медод. Ба ҷуз аз «Сомон Эйр» ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» низ мусофиронро аз Душанбеву Хуҷанд ба минтақаҳои гуногуни Русия мебарад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *