Вазорати тандурустӣ дар Китобхонаи миллӣ мизи гирд баргузор кард

Мизи гирде, ки дирӯз, 3-юми октябр дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва созмони байналмилалии ЮНИСЕФ баргузор гардидааст, лоиҳаи Нақшаи амали «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024»-ро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи КМТ, дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони якчанд вазорату идора ва кумитаҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок кардаанд.

— Гуфтанист, ки он бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андӯхта, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия шудааст ва вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *