Вазорати тандурустӣ дезинфексия кардани Душанберо рад кард

Вазорати тандурусти хабари дар сомонаҳои иҷтимоӣ зери унвони “Сегодня в 23:00 и до 5:00 утра, в г. ДУШАНБЕ вертолёты будут распылять лекарство для дезинфекции, окна и балконы должны быть закрыты и на улице после 23:00 находится нельзя”-ро беасос хонд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо ин овозаҳо бо муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо Саид Давлатзода суҳбат намуд, ки номбурда чунин баён дошт: “Ингуна хабару овозаҳо умуман  ҳақиқат надоранд ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ як қисми низомии мамлакат оид ба ин масъала дархост  ирсол нагардидааст. Азбаски то имрӯз, 18 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба чунин хабару овозаҳо бовар накунанд. Бо вуҷуди ин, аз ҷониби вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли  коронавирус ба мамлакат пурзӯр шуда истодаанд”.

Бояд гуфт, ки айни замон бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла дар боғчаҳо, мактабҳо донишгоҳҳо, муассисаҳои тиббӣ, бозорҳо, базаҳои автомобилӣ, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо, фурудгоҳ ва вакзалҳо ва дигар муассисаҳои назди сарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ  ба роҳ монда шуда, варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба рияои қоидаҳои гигиению санитарӣ ба шаҳрвандони мамлакат ройгон тақсим карда мешавад.

Ҳамзамон, бо иштироки мутахассисони соҳа дар ВАО, аз ҷумла тариқи телевизионҳои мамлакат барнома ва нишастҳои зиёд доир ба мавзӯъи коронавирус ташкил ва баргузор гардида, ба аҳолӣ маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1  феврал то 18 марти соли равон 1890 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1426 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 464 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  ба карантин фаро гирифта шудаанд

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс иттилоъ медиҳад, ки то субҳи имрӯз, 18 марти соли равон дар саросари ҷаҳон 198,000 мавриди сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора қариб 82 ҳазор нафар аллакай сиҳат шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *