Вера Исмоилова  “Мир”-ро муаррифӣ мекунад

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, журналист Вера Исмоилова Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон таъин шуд.

Қарор дар ин замина рӯзи 12 декабр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Исмоилова намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар ширкати «Мир» таъин мешавад.Вера Исмоила ба ин мақом чор моҳ баъди даргузашти раиси пешин — Қудрат Афардӣ таъин шуд. Афарди рӯзи 17 август дар синни 44-солагӣ даргузашт.Вера Исмоилова хабарнигори собиқадор ва сардабири барномаҳои садову симои «Мир» буд. Ӯ 36 сол дошта, 15 соли охир дар «Мир» кор кардааст. Вера Исмоилова гуфтааст, ки фаъолияти журналистиро аз курси дуюми донишгоҳ ва нашри мақолаҳо дар нашрияҳои маҳаллӣ шурӯъ кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *