Вестерн Юнион Нетворк дубора иҷозатномаи фаъолият гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон ба Вестерн Юнион Нетворк барои фаъолияти оператории низоми пардохтии «Вестерн Юнион» (Фаронса) тавассути аз нав ба расмият даровардан иҷозатнома дод.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

“Ин тасмим бинобар тағйир ёфтани суроғаи ҳуқуқии Вестерн Юнион Нетворк бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шудааст”,-иттилоъ дод манбаъ.

Дар ин замина Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ сабти дахлдор ворид намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *